АНДОЗБАНДИИ НАШРИЁТ

Октябрь 6, 2010 09:32

Душанбе, 6 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010 аз фаъолияти пурсамари мақомоти андоз ва интизоми андозсупорандагон вобастагӣ дорад. Дар ин ҷода мутахассисони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дарёфти манбаъҳои нави андозбандӣ, таҳлили ҳолати бақайдгирӣ ва андозбандии андозсупорандагон дар ҳудуди шаҳри Душанбе корҳои назоратӣ гузарониданд. Мутаассифона, ҳолатҳое вомехӯранд, ки соҳибкорон бар хилофи талаботҳои қонунгузории ҷорӣ ва Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти истеҳсолӣ ва тиҷоратӣ машғул мебошанд. Аз он ҷумла, таҳлилҳои мутахассисон дар якчанд нашриёти ҳудуди шаҳри Душанбе, ки фаъолияташонро дар вобастагӣ ба нашри рӯзномаву маҷаллаҳо ба роҳ мондаанд, нишон дод, ки ҳуҷҷатгузории муҳосибии ин ҷамъияту муассисаҳо ҷавобгӯи талаботи қонунгузорӣ набуда, борхатҳои интиқоли маводи нашршуда дар ягон китоб қайд карда намешавад. Илова бар ин ҳангоми таҳлилҳо муайян гардид, ки дар бештари рӯзномаву ҳафтаномаҳое, ки дар ин чопхонаҳо ба табъ мерасанд, адади нашрашон дарҷ карда намешавад, ки ин амали масъулини рӯзномаҳо ва матбааҳо аз пинҳонкунии андозҳо гувоҳӣ дода, ҳамзамон хилофи талаботи моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» ва моддаи 27 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи табъу нашр» мебошад. Ба ин қабил рӯзномаҳо метавон «Муҳаббат ва оила», «Фараж», «Озодагон», «Пайкон», «Миллат», «СССР», «Нури зиндагӣ», «Офтобак», «Крим-инфо», «Паёми Душанбе», «Дунё», «События», «Зан ва мард», «Тысяча и одна ночь», «Вечерный Душанбе»-ро ном бурд.  Мавриди зикр аст, ки дарҷ накардани теъдоди нашр дар рӯзномаву маҷалла ва ҳафтаномаҳо назорати андозҳо, аз ҷумла ба ҳисоб гирифтан ва муайян кардани фаъолияти тиҷоратии объектҳои андозбандишавандаро ғайриимкон мегардонад. Директории ҶДММ «Оила-Принт» Сиёвуш Ҳамдамов мебошад. Маҳали асосии фаъолият ва мавқеи идоракунии он дар ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Лоҳутӣ 63 ҷойгир буда, ба нашри зиёда аз 30 адад рӯзномаву маҷаллаҳо машғул мебошад. Дар муҳосиботи ҷамъияти номбурда муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ» тамоман риоя намегардад, маводи нашршуда ба фармоишгар бе ваколатнома супорида шуда, ба расмият дароварда намешаванд. Борхатҳои дар муҳосибот ва шӯъбаи муҳофизаи корхона буда рақамгузорӣ карда нашуда, нишондоди онҳо аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Ҳисоботи хазинаи чопхона умуман гузаронида намешавад. Ҳамчунин, муассисаи хусусии ҳафтаномаи ҳаҷвию фараҳангези «Мушфиқӣ», муассис ва роҳбараш Умед Сатторов, воқеъ дар ноҳияи Сино, кӯчаи Федина 2 ба чопи зиёда аз 45 адад рӯзномаву ҳафтаномаҳо машғул мебошад. Ҳангоми таҳлил муайян гардид, ки аз шумораи умумии рӯзнома ва маҷаллаҳои дар таърихи 29 сентябри соли равон дар ин муассиса чопшуда, дар 13 тои он адади нашр дарҷ карда нашудааст. Ҳуҷҷатгузории муҳосибии ин муассиса низ хилофи талаботи қонунгузорӣ ба роҳ монда шудааст. Корҳои назоратии мутахассисон дар «Чопхонаи Интишор»-и ҶДММ «Чархи гардун», воқеъ дар ноҳияи Сино, кӯчаи Ҳилолӣ 4 маълум намуданд, ки нашриёти мазкур ба нашри рӯзномаҳои худи ҷамъият «Чархи гардун», «Зан ва мард», «Дайджест пресс», «Авиценна», «Вечерный Душанбе», «Аладдин», «Тысяча и одна ночь» ва дигар фармоишгарон машғул мебошад. Муассиси Ҷамъият Акбаралӣ Сатторов ва роҳбари чопхона Бахтиёр Сатторов буда, матбааи зикршуда зиёда аз 17 адад маҷаллаву ҳафтаномаҳоро ба нашр мерасонад. Тайи солҳои охир вобаста ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна дар ҷумҳурӣ, фаъолияти нашрияҳо ва ҳафтаномаҳо таҳти санҷиш қарор дода нашуда буданд. Бинобар ин дар асоси нақшаи корӣ барои нимсолаи дуюми соли 2010 ва ҳолатҳои ошкоргардидаи қонунвайронкуниҳо дар чопхонаҳои зикргардида мақомоти андоз санҷиши риояи қонунгузории андозро дар фаъолияти ҶДММ «Оила Принт», Муассисаи хусусии ҳафтаномаи ҳаҷвию фараҳангезии «Мушфиқӣ», «Чопхонаи Интишор»-и ҶДММ «Чархи гардун» ва дигар нашрияву ҳафтаномаҳо мегузаронад. Кумитаи андоз ба маълумоти масъулини чопхонаҳо ва ҳафтаномаву нашрияҳо мерасонад, ки корҳои назоратии мақомоти андоз танҳо бо мақсади таъмини риояи қонунгузории андоз ва дигар қонунҳо дар фаъолияти тиҷоратии онҳо равона гардида, ба фаъолияти эҷодии онҳо дахл надорад.

Октябрь 6, 2010 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд
3010 нафар сайёҳони хориҷӣ манзараҳои нотакрори Ховалингро тамошо намуданд
Дар Хатлон 165 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бунёд карда мешавад