АСЛИ ВОҚЕА ОИДИ «СӮИҚАСД» БА М. КАБИРӢ

Октябрь 15, 2010 15:48

Душанбе, 15 октябр. (АМИТ «Ховар»).-Тавре маълум аст, чанде пеш (2 октябри соли ҷорӣ) Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ бо ҳамроҳонаш ҳини ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Қурғонтеппа дар ҳудуди ноҳияи Хуросон ба садамаи автомобилӣ дучор гардида буданд. Аз ин ҳодисаи маъмулӣ баъзе аз расонаҳои хабарӣ ва ҷонибдорони ҷаноби Кабирӣ ҳангома бардошта, онро ҳамчун «сӯиқасд» ба ҷони ӯ, амали «пешакӣ тарҳрезишуда» ва амсоли ин ба қалам доданд. Шояд ин ҳангомаҷӯён ба ин восита «имиҷи» роҳбари худро баланд бардошта, «муҳимияти» ӯро таъкид карданӣ буданд ва ё боз кадом ғарази дигар доштанд, аммо чӣ хеле ки дар урфият мегӯянд, «умри дуруғ кӯтоҳ аст». Рӯзи 15 октябр ба Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» яке аз иштирокдорони бевоситаи ин садама, ронандаи автомашинаи «Нексия», рақами давлатиаш АК 3213 01 РТ, ки гӯё ба ҷони М. Кабирӣ сӯиқасд кардааст, бо арз муроҷиат кард, ки дар зер мусоҳибаи мухбири мо Фирдавс Таваров бо ин шахс пешниҳоди хонандаи гиромӣ мегардад: Савол: Худро ба хонандагон муаррифӣ намоед. Ҷавоб: Ман, Давлатов Фарҳод Саидалиевич, истиқоматкунандаи ноҳияи Хуросон, кӯчаи Рӯдакӣ, хонаи 4, оиладор, соҳиби се фарзанд мебошам.   Савол: Шумо чӣ шуғл доред? Ҷавоб: Ман ҷои кори доимӣ надорам. Бо автомашинаи худ ҳамроҳи завҷаам барои рӯзгузаронӣ аз қишлоқ чакка, тарбуз ва дигар сабзавот харида ба шаҳри Душанбе оварда мефурӯшем. Баъзан ба мусофиркашонӣ низ машғул мешавам. Савол: Дар бораи ҳодисаи рӯзи 2 октябр рухдода нақл кунед. Ҷавоб: Рӯзи 2 октябр ман завҷаамро ба Душанбе оварда, барои таъмири мошини худ ба Қурғонтеппа раҳсипор гаштам ва аз назди бозори «Корвон» чор мусофирро, ки онҳоро намешинохтам, савор намудам. Вақте ки аз ағбаи Фахробод мегузаштам, автомашинаи «Ҷип-Прадо», рақами давлатиаш ЕТ 9032 01 РТ аз қафо мошини маро зада корношоям кард. Мувофиқи санадҳои тартибдодаи БДА айб пурра дар гардани ронандаи Ҷип Сайфов Ҳикматулло мебошад. Баъди гузаронидани ташхисҳои техникӣ Сайфов Ҳ. ба айби худ иқрор шуда, бояд мошини манро таъмир ва барқарор намояд, вале ӯ ба ман суханҳои таҳқиромез ва носазо гуфта, аз ин кор саркашӣ карда истодааст.  Савол: Оё шумо мусофирони Ҷипро мешинохтед ва онҳо барои ҳалли мусолиҳатомези қазия ягон чора надиданд ? Ҷавоб: Асосан сабаби муроҷиати ман ба шумо низ ҳамин аст, зеро ин ҷанобон, ки раиси ҲНИТ будани яке аз онҳоро ман баъд фаҳмидам, ба чои узрхоҳӣ ба ман таҳдиду фишор оварда, суханҳои қабеҳ гуфтанд. Яке аз онҳо, ки солхӯрда буд, ҳатто маро «номусулмон» ном бурд. Рости гап ман аз ин «мусулмонҳои асил» метарсам ва бинобар ин мехоҳам аҳли ҷомеа асли воқеаро донанд. Савол: Баъди ин ҳодиса баъзе аз расонаҳо навиштанд, ки гӯё шумо ба ҷони М. Кабирӣ сӯиқасд карда бошед, инро чӣ гуна шарҳ медиҳед ? Ҷавоб: Ман на Кабириро мешинохтам ва на кӣ будани ӯро медонистам. Ман як шаҳрванди оддии заҳматкаш мебошам ва аз сиёсат фарсахҳо дурам. Баъдан худи онҳо мошини маро аз пушт задаанд ва ман чабрдидаам, на ин ки сӯиқасдкунанда. Мутаассифона, ин ҷаноб, ки худро тарафдори ҳақиқат ва пуштибони мардуми оддӣ мегӯяд, ба ҷои маъзарату бахшиш ва кӯмак ба мани бегуноҳ, маро таҳдид намуд, ки «чӣ коре мехоҳӣ кардан гир» ва то имрӯз ман сарсону саргардон монда, воситаи дарёфти ризқу рӯзиамро аз даст додаам. Ба воситаи шумо мехоҳам ба мақомоти салоҳиятдор муроҷиат намоям, ки ҳақро ба ҳакдор расонанд ва масъаларо тибқи Қонун баррасӣ намоянд. Ба ҷаноби Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш бошад, гуфтанӣ ҳастам, ки вой бар ҳоли ислому мусулмоние, ки шумо ҳомии он бошед. Агар пуштибонии шумо аз мардуми бечора ҳамин бошад, ҳаволаатон бар Худо.   Мусоҳиб Ф.Таваров                                                           

Октябрь 15, 2010 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд
3010 нафар сайёҳони хориҷӣ манзараҳои нотакрори Ховалингро тамошо намуданд
Дар Хатлон 165 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бунёд карда мешавад
6 август дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 37 дараҷа мерасад