АЗ 46 МАМЛАКАТ ЁРИИ БАШАРДӮСТОНА ОМАД
Душанбе, 22 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, дар моҳҳои январ – сентябри соли 2010 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 46 мамлакати хориҷаи дуру наздик ба маблағи 67 млн. 389 ҳазор доллари амрикоӣ ё ба миқдори 23 ҳазору 553 тонна ёрии башардӯстона ворид гардидааст. Аз ҷумла: равғани растанӣ 2891 тонна (ба маблағи 6 млн. 176 ҳазор доллар), 14 ҳазору 702 тонна орд (ба маблағи 7 млн. 351 ҳазор доллар), ҳамчунин, ба маблағи 571 ҳазор доллар 93 тонна гандум, доруворӣ ба маблағи 38 млн. 805 ҳазор доллар, ба маблағи 3 млн. 153 ҳазор доллар либос ва пойафзол, инчунин, маҳсулоти озуқа, кӯрпаю болишт, дастгоҳҳои тиббӣ, асбоби маишии электронӣ, компютерҳо ва қисмҳои эҳтиётӣ барои онҳо ворид гардидааст. Аз давлатҳои кӯмакрасон таносуби бештар аз рӯи арзиши ёрии башардӯстона ба ИМА -53,4 фоиз, Дания -7,7, Олмон – 5,6, Ҷумҳурии Корея -3,4, Нидерландия – 2,2 ва аз мамлакатҳои ИДМ Ҷумҳурии Қазоқистон – 10,8, Русия — 4,6 ва Украина 0,6 фоиз рост меояд.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд






