ДАЪВАТИ ШИРКАТҲОИ РОҲСОЗӢ БА ОЗМУН

Октябрь 18, 2010 14:48

         Душанбе, 18 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Шаҳрдории Душанбе ҷиҳати таъмири асосии кӯчаи Дӯстии халқҳо, аз бурриши кӯчаи С.Айнӣ то ҳалқаи назди Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Комбинати хӯроквории Тоҷикистон» тендер мегузаронад. Аз ин рӯ бо мақсади самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ ва фароҳам овардани шароити рақобати солим ташкилоти сохтмонии пудратӣ ва ширкатҳои ватанию хориҷиро ба озмун даъват менамояд.    Озмун  4 ноябри соли 2010,  соати 16.00 дар бинои маҷлисгоҳи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.          Иштироки довталабон дар озмун бо дарназардошти пешниҳоди — оинномаи корхона, иҷозатнома барои иҷрои корҳои сохтмону таъмирии роҳҳои автомобилгард ва маҳсулоти он, маълумоти иловагӣ оид ба дараҷаи тахассусии кормандон, ҳаҷми  корҳои иҷрошудаи таъмир ва сохтмони роҳҳои автомобилгард дар 2-3 соли охи рва дигар санадҳо ба инобат гирифта мешаванд. Дархостҳо бояд то 3 ноябри соли 2010  ба  фармоишгар -Муассисаи давлатии «Сарраёсати ободонии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе» супорида шаванд.  

Октябрь 18, 2010 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд