ХАБАРИ МАРКАЗИ РОБИТАҲОИ ҶАМЪИЯТИИ КДАМ ҶТ

Октябрь 25, 2010 10:45

Душанбе, 25 октябр (АМИТ «Ховар»). -Маркази робитаҳои ҷамъиятии органҳои Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар ҷараёни пешбурди чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванди ҶТ Манонов Зайналобиддин соли таваллудаш 1949, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Шербегиёни Ҷамоати деҳоти Самсолиқи ноҳияи Нуробод бо гумони даст доштан дар фаъолияти зиддиқонунӣ ва алоқамандӣ бо гурӯхои террористӣ боздошт гардида буд. Номбурда ҳамчун хатиби масҷид ба ҷойи ташвиқу тарғиби маърифати исломӣ дар хутбаҳои худ ба мисли баъзе аз хатибони навоҳии тобеи ҷумҳурӣ аз рӯи ҳақношиносӣ иштиёқи худнамоии сиёсӣ амал карда, дар байни аҳолии деҳаҳои Шербегиён, Улфатобод, Қалъаи Назар, Кабутиёни ноҳияи Нуробод ва дигар навоҳии водии Рашт низою хусумат, ҳисси нобоварӣ ва тафриқаандозӣ ба миён овард. Дар баъзе аз бозору марказҳои савдо мавъизаҳои номбурда ба фурӯш низ гузошта шуда буданд. Муайян карда шуд, ки сарварону аъзоьни гурӯҳои террористӣ, аз ҷумла мулло Абдулло, борҳо ба хонаи Манонов Зайналобидин ташриф овардааст. Албатта табиист, ки имрӯз худи Манонов  Зайналобидин ин ҳолатро инкор мекунад, аммо воқеият дигар аст. Вай бо Қуръон қасам мехӯрд, ки фарзандонаш дар Русия ҳастанд, суроғаи онҳоро дорад, ҳамеша бо онҳо дар тамос аст,  вале дар асл бошад, ҳафтаи равон дар натиҷаи амалиётҳои бобарори мақомоти қудратии кишвар дар водии Рашт қатори якчанд нафар аъзоёни дастаҳои террористӣ се фарзанди Манонов Зайналобидин — Манонов Зикрулло, Манонов Абдуҳафиз, Манонов Субҳидин ва домодаш, ки ба пешниҳоди кормандони мақомоти қудратӣ оид ба таслим шудан ҷавоби рад дода, тавассути силоҳи оташфишон ба онҳо муқобилият нишон доданд, нобуд карда шуданд. Манонов Зикрулло соли 2000-ум ба яке аз кишварҳои арабӣ рафта, муддати 7-8 сол таҳсили динию террористӣ гирифт ва сипас ба Тоҷикистон баргашт. Тибқи маълумотҳои оперативӣ фарзандони Манонов Зайналобидин дар акти террористии рӯзи 19 сентябри соли 2010 ба муқобили хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиа, ки дар натиҷаи ин  амали ваҳшиёнаю ноҷавонмардона 28 нафар афсарону сарбозон ҳалок гардиданд, даст доранд.  Ҳафтаи равон кормандони органҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ҳавлии истиқоматии Манонов Зайналобидин дар ноҳияи Нуробод кофтуков гузарониданд. Ҳангоми азназаргузаронӣ дар пинҳонгоҳи махсус 1 автомати Калашников бо тирдонаш, 3 норинҷак ва миқдори муайяни адабиёти дорои хусусияти экстремистӣ аз ҷумла китоби «Ҷиҳод» дарёфт ва мусодира карда шуд. Бо кадом мақсад дар манзили зисти шаҳрванд Манонов Зайналобидин силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва адабиёти тундрав нигоҳ дошта мешуд, тафтишоти минбаъда аз рӯи парвандаи ҷиноятӣ, ки айни замон нисбати номбурда боз гардидааст, нишон медиҳад. Дар хотима қайд кардан бамаврид аст, ки ташвиқу тарғиби ғояҳои бегонаи террористию экстремистӣ дар байни аҳолии Тоҷикистон ҳеҷ вақт дастгирӣ нахоҳад ёфт, чунки сокинони сарбаланди кишвар тарафдори фазои сулҳу ваҳдат ва орому осудаи Ватан мебошанд. Беҳуда нагуфтаанд, ки:  Ҳар ки бо душмании халқ равон аст, чу баҳр, Зуд бошад, ки сари худ чу гирдоб хурад.  Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ ҶТ хабар доданд.

Октябрь 25, 2010 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд