ИФТИТОҲИ НАХУСТИН ҶАШНВОРА
Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Имрӯз дар маҷлисгоҳи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи нахустин Ҷашнвораи хушнависии ЭКО (Еconomic Cooperation Organization) бо ҳузури мақомоти Тоҷикистон, сафирон, намояндагиҳои байналмилалӣ ва шахсиятҳои фарҳангӣ доир шуд. Дар он ҳунари хушнависон аз давлатҳои узви ЭКО — Эрон, Афғонистон, Покистон, Туркия, Қирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон муаррифӣ шуданд. Зимни суханронии хеш Вазири фарҳанги Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ қайд намуд, ки бори аввал ва маҳз дар Тоҷикистон баргузор шудани чунин як чорабинии бошукӯҳ боиси сарфарозист. «Зеро ин гоми бузург нахуст аз Тоҷикистон шурӯъ шуд ва ин ҷашнвора ба осори сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдулло Рӯдакӣ бахшида шуда, дар он аз ҳамаи кишварҳои узви ЭКО донишмандону хушнависони маъруф ташриф овардаанд»,-гуфт Вазири фарҳанги Тоҷикистон. Ҳамчунин, дар маросими ифтитоҳи нахустин Ҷашнвораи хушнависии ЭКО Раиси Муассисаи фарҳангии ЭКО Ҳуҷатуллоҳи Аюбӣ баромад намуда, ҳадафи баргузор намудани ин ҷашнвораро дар он маънидод кард, ки хушнависӣ аз қадим ҳамчун ҳунар ҳисоб мешуд ва фарҳанги хушнависӣ бояд дар ҷаҳон муаррифӣ карда шавад. Пас аз оғози чорабинӣ дар осорхонаи ба номи Камолиддини Беҳзод намоишгоҳи осори хушнависони кишварҳои узви ЭКО оғоз шуд, ки он тӯли ду ҳафта аз 13 то 27 октябри соли равон идома меёбад. Ёдрас мешавем, ки ин чорабинӣ бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаи фарҳангии ЭКО созмон дода шудааст.








16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст






