ИФТИТОҲИ НАХУСТИН ҶАШНВОРА

Октябрь 13, 2010 15:49

Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-  Имрӯз дар маҷлисгоҳи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи нахустин Ҷашнвораи хушнависии ЭКО (Еconomic Cooperation Organization) бо ҳузури мақомоти Тоҷикистон, сафирон, намояндагиҳои байналмилалӣ ва шахсиятҳои фарҳангӣ доир шуд. Дар он ҳунари хушнависон аз давлатҳои узви ЭКО — Эрон, Афғонистон, Покистон, Туркия, Қирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон муаррифӣ шуданд.   Зимни суханронии хеш Вазири фарҳанги Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ қайд намуд, ки бори аввал ва маҳз дар Тоҷикистон баргузор шудани чунин як чорабинии бошукӯҳ боиси сарфарозист. «Зеро ин гоми бузург нахуст аз Тоҷикистон шурӯъ шуд ва ин ҷашнвора ба осори сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдулло Рӯдакӣ бахшида шуда, дар он аз ҳамаи кишварҳои узви ЭКО донишмандону хушнависони маъруф ташриф овардаанд»,-гуфт Вазири фарҳанги Тоҷикистон. Ҳамчунин, дар маросими ифтитоҳи нахустин Ҷашнвораи хушнависии ЭКО Раиси  Муассисаи фарҳангии ЭКО Ҳуҷатуллоҳи Аюбӣ  баромад намуда,  ҳадафи баргузор намудани ин ҷашнвораро дар он маънидод кард, ки хушнависӣ аз қадим ҳамчун ҳунар ҳисоб мешуд ва фарҳанги хушнависӣ бояд дар ҷаҳон муаррифӣ карда шавад. Пас аз оғози чорабинӣ дар осорхонаи ба номи Камолиддини Беҳзод  намоишгоҳи осори хушнависони кишварҳои узви ЭКО оғоз шуд, ки он тӯли ду ҳафта аз 13 то 27 октябри соли равон идома меёбад. Ёдрас мешавем, ки ин чорабинӣ бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаи фарҳангии ЭКО созмон дода шудааст.  

Октябрь 13, 2010 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад