КДАМ: — ҶИНОЯТКОРИ ХАТАРНОК БЕЗАРАР ГАРДОНИДА ШУД

Октябрь 5, 2010 10:17

Душанбе, 5 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр).- Шаби 4-ум ба 5-уми октябри соли равон кормандони мақомоти амнияти кишвар дар якҷоягӣ бо кормандони ВКД Тоҷикистон дар яке аз нуқтаҳои аҳолинишини ноҳияи Тавилдара боз як ҷинояткори хатарнок – Бозоралӣ валади Эгамбердӣ, ки шаби 22 ба 23-юми августи соли равон аз маҳбасхонаи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ фирор карда буд, безарар гардониданд. Аз маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки аз ин ҷиноятпеша 1 адад пистолети Макаров ва як адад автомати Калашников бо шумораи зиёди лавозимоти ҷангӣ мусодира карда шуд.Ёдовар мешавем, ки Бозоралӣ валади Эгамбердӣ, соли таваллудаш 1969, истиқоматкунандаи деҳаи Қағни вилояти Таҳори ҶИА, тибқи моддаҳои 333 қисми 2, 289 қисми 4, 195 қисми 3, 200 қисми 4, пунктҳои «г» ва «д»-и КҶ ҶТ маҳкум гардидааст. 

Октябрь 5, 2010 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд