МАОШ НИСБАТ БА СОЛИ 2009 12,0 % АФЗУДААСТ

Октябрь 25, 2010 15:33

      Душанбе, 25 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Бақайдгирии кӯдакони навзод, ашхоси фавтида ва муҳоҷирати аҳолӣ, шумораи аҳолӣ то 1-уми июли соли ҷорӣ 7594,5 ҳазор нафарро ташкил дод. Шумораи аҳолии дар иқтисодиёт фаъол аз рӯи баҳои пешакӣ дар моҳи августи соли ҷорӣ 2151, 2 ҳазор нафарро ташкил дод, ки аз ҷумлаи онҳо 97,7 фоиз дар соҳаҳои иқтисодиёт машғуланд ва 48,5 ҳазор нафар расмӣ мақоми бекорро гирифтаанд, ки 2,3 фоизи аҳолии дар иқтисодиёт фаъолро ташкил медиҳанд. Шумораи ҷойҳои холии корӣ, ки корхонаҳо ба хадамоти шуғли аҳолӣ муроҷиат карданд, дар охири моҳи августи соли 2010 нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 7,0 фоиз кам шуда, 12,8 ҳазор ҷойро ташкил намуд. Аз рӯи касбҳои коргарӣ 1,5 фоиз кам шуда, 4,9 ҳазор ҷойро ташкил кард. Нисбат ба моҳи августи соли 2009 музди кор 12,0 фоиз афзудааст. Музди ҳадди ақал дар ҷумҳурӣ 80 сомониро ташкил дод. Аз аввали соли 2010 нарху таърифаи хизмати пулакие, ки ба аҳолӣ расонида мешавад, умаман 5,3 фоиз қиммат шудааст, аз он ҷумла пардохти маблағи телефони хонагӣ 76,9 фоиз, хизматрасонии муассисаҳои санаторӣ-истироҳатӣ ва беҳдошт 25,2 фоиз, қувваи барқ 20 фоиз, чиптаҳои нақлиёти роҳи оҳан 19,6 фоиз, хизматрасонии сартарошхонаҳо 7,9 фоиз, хизматрасонии обтаъминкунӣ 7,5 фоиз қиммат шудааст. Дар ин бора Бахтия Муҳаммадиева-директори Агентии омори назди Президенти ҶТ зимни нишаст ба хабарнигорони ВАО хабар дод.  

Октябрь 25, 2010 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд