МАРКАЗИ ФАРОГИРӢ БО ШУҒЛ

Октябрь 13, 2010 15:17

Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-  Тавре аз шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  иттилоъ доданд, яке аз самтҳои асосии фаъолияти Агентӣ оид ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират ва муносибатҳои байналмилалии соҳавӣ ва ҷамъиятӣ таҳияи чорабиниҳо ва барқарории муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо ташкилотҳои байналмилалӣ мебошад.     Бо мақсади татбиқи ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ  Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар ҳамоҳангӣ бо Агентӣ оид ба ҳамкорӣ ва рушди техникӣ (ACTED) Меморандум оид ба ҳамкориро ба имзо расонид.     Бо назардошти фаъолияти якҷоя ҷиҳати таъсис додани Маркази реинтегратсия дар сохтори Агентӣ қарор аст, ки рӯзи 21 октябри соли равон маросими ифтитоҳии ин Марказ доир гардад.      Марказ дар рушди иҷтимоӣ ва касбии реинтегратсионӣ, баҳодиҳии  малакаи касбӣ, бо шуғл фарогирӣ, дастгирӣ барои пешбурди тиҷорат, рушд ва дастгирии дигар барномаҳое, ки  дар мавриди бозгашти муҳоҷирони меҳнатӣ шароити мусоидро фароҳам меоранд, саҳм гузошта, ҷиҳати беҳтар шудани раванди кор бо муҳоҷирони  ба Ватан баргашта  мусоидат менамояд.

Октябрь 13, 2010 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад