МАШВАРАТИ КОРӢ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Октябрь 11, 2010 15:04

Душанбе, 11 октябр. (АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои ҳукумати мамлакат, роҳбарони вазорату идораҳо, як зумра ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ва масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуд. Дар машварат 2 масъалаи асосӣ — ҷамъбасти нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2010 ва фаъолияти тамоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ доир ба беҳтар намудани вазъи иқтисодӣ — молиявии мамлакат ва рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 – юми майи соли 2010  доир ба омодагии ҳамаҷониба ба тирамоҳу зимистони солҳои 2010-2011 баррасӣ шуд. Оид ба ҷамъбасти нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2010 ва фаъолияти тамоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ доир ба беҳтар намудани вазъи иқтисодӣ — молиявии мамлакат гузориши Вазири рушди иқтисод ва савдо Фарух Ҳамралиев шунида шуд. Зикр гардид, ки афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар 9 моҳи соли равон ба 6,2% ва таваррум ба 6,7% расидааст.  Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар 9 моҳ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,6% ва маҳсулоти кишоварзӣ 7,1% афзудааст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки оид ба таъмини кори бемонеаи корхонаҳои саноатӣ ва ҳамчунин пардохти маблағҳои андоз, гумрук ва дигар даромадҳои давлатӣ, ҷамъоварии пурра ва саривақтии ҳосили фаровони пахта, меваю сабзавот ва зироатҳои кишти такрорӣ, захираи тухмиҳои хушсифат ва оғози кишти тирамоҳӣ чораҳои муассир андешида шаванд. ҳамчунин супориш дода шуд, ки баҳри таъмини фаровонӣ дар бозори дохилӣ, муҳайё намудани шароити беҳтар барои истеҳсолкунандагони ватанӣ ва ба низом даровардани нархҳо пеши роҳи содироти чорво, ҳамаи намуди гўшт, картошка, пашм ва метал пурра ва қатъан гирифта шавад. Доир ба рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 – юми майи соли 2010  дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2010-2011 бошад Муовини якуми сарвазири мамлакат Асадулло Ғуломов гузориш дод.  Дар гузориш аз ҷумла зикр гардид, ки истеҳсоли ангишт дар мамлакат хеле афзоиш ёфта, дар 9 моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 40 ҳазор тонна бештар ин навъи сўзишворӣ ба фурўш рафтааст. Иттилоъ дода шуд, ки то имрўз дар тамоми муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба қадри кофӣ ангишт ва дигар навъҳои сўзишворӣ захира шудааст. Тибқи гузориш, айни ҳол дар мамлакат 482 нуқтаи фурўши гази моеъ фаъолият мекунанд, ки нисбат ба соли гузашта 28 то зиёд мебошад. Фурўши гази моеъ дар 9 моҳ нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 беш аз 1400 тонна афзудааст. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон доир ба тезондани сохтмон ва ба истифода додани нерўгоҳҳои хурди барқӣ дар минтақаҳои кўҳистон, бо сифат омода кардани шабакаҳои таъмини барқу газу гармӣ, сарфакорона истифода бурдани нерўи барқ ва пурра гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасраф ба масъулин супоришҳои мушаххас дод. Таъкид гардид, ки ҳар қадар нерўи барқ сарфакорона истифода шавад ва талафоти он поён равад, ҳамон қадар таъминоти мардум бо нерўи барқ ва гармӣ дар фасли сармо беҳтар мегардад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳаллу фасли як қатор масоили дигар низ дар назди масъулини дахлдор вазифаҳои мушаххас гузошт.  

Октябрь 11, 2010 15:04

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд