МУАЛЛИФИ КИТОБИ «ЗАБОНИ РУСӢ» ДАР ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 15 октябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). –Чанде пеш дар Маркази русии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Муҳокимаи китоби «Русский язык» (Забони русӣ) барои синфҳои 10-11-и мактабҳои русии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар кори он як нафар муаллифи китоб, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти Донишгоҳи педагогии Санкт-Петербург Алексей Дунев, таҳиягарони китоб дар Тоҷикистон, профессор Меҳринисо Нағзибекова, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Любов Дудко, муаллимаи гимназияи № 74 Руниза Рамазонова, ҳамчунин, омӯзгорони мактабҳои русӣ, ки дар ин мактабҳо китоби мазкур мавриди санҷиш қарор гирифтааст, иштирок намуданд. Зикр гардид, ки натиҷаҳои санҷишии бадастомада, ки аз ҷониби омӯзгорони ботаҷриба ва эчодкори мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии ҷумҳурӣ амалӣ гардид, беҳтарин натиҷаҳоро тасдиқ намуданд. Дар баробари омӯзгорон, толибилмон ва волидайни онҳо низ аз сифати баланди китоби нав изҳори қаноатмандӣ намуда, гуфтанд, ки китоб дорои матнҳои гуногуншакл ва баландмазмун буда, шавқи хонандагонро ба омӯхтани забони русӣ бедор менамояд. «Масъалаи таҳия ва таъмини мактабҳо бо китобҳои забон ва адабиёти рус на танҳо барои мактабҳои тоҷикӣ, балки барои мактабҳое, ки забони омӯзишиашон русӣ мебошад, яке аз масъалаҳои мубрами рӯз ба ҳисоб меравад». Дар робита ба ин китобҳои нави забон ва адабиёти русе, ки аз ҷониби мутахассисони Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург бо дастгирии Бунёди байналмилалии ҳамкориҳои башардӯстонаи давлатҳои узви ИДМ таҳия шудаанд, ба раванди таълими фанни забон ва адабиёти рус дар мактабҳои русзабони ҷумҳурӣ таъсири мусбат бахшида, сатҳи донишомӯзии толибилмонро баланд мебардорад», — таъкид намуд ба мухбири АМИТ «Ховар» декани факултаи забон ва адабиёти руси ДМТ, профессор М. Нағзибекова








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд






