МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО РАСУЛ ЗАЛМАЙ
Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Расул Залмайро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ шуд. Аз равобити сатҳи олии сиёсӣ, ки муҳаррики асосии рушди муносиботи накуи ҳамсоягӣ ва ҳамкории судбахш ба шумор мераванд, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.Ҳамкории мустақиму наздик ва созандаи вазоратҳои корҳои хориҷӣ, сохторҳо ва мақомоти сарҳадӣ, амниятӣ, низомӣ ва адлияи Тоҷикистону Афғонистон барои таъмини рушди минбаъдаи равобити судбахш амри ҳаётӣ номида шуд. Ҳарду ҷониб омодагӣ ва ҳавасмандии устувори худро баҳри муборизаи муштарак бо терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва хусусан баҳри таҳкими ҳифзи cарҳади миёни Тоҷикистону Афғонистон таъкид намуданд. Барои густариши бештари ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, истифодаи босамар аз минтақаҳои озоди иқтисодии Панҷи Поён ва Ишкошими Тоҷикистон, ки дар наздикии сарҳад бо Афғонистон қарор доранд ва тезондани тадбирҳо баҳри бунёди нерўгоҳҳои барқӣ, хатҳои минтақавии интиқоли нерўи барқ ва роҳҳои оҳану мошингард зарур шумурда шуд. Пайвастани шабакаҳои энергетикӣ ва нақлиётию транзитии Тоҷикистону Афғонистон бо кишварҳои ҳамсоя ба манфиати кулли минтақа маънидод гардид.








Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






