МУТАХАССИСОНИ МАХСУСИ ФУРУДГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ

Октябрь 4, 2010 15:14

Душанбе, 4 октябрь. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева) — Интиқоли борҳои хавфнок тариқи нақлиёт иҷозати махсус, омодагии ҷиддӣ ва масъулияти баланд зиёдро тақозо менамояд. Тариқи нақлиёти ҳавоӣ интиқоли борҳои хавфнок дар асоси нишондоди ташкилоти байналхалқии авиатсионӣ ИКАО амалӣ шуда,  ба кори он мутахассисони дорои тахассуси соҳа ва таълимдида роҳ дода мешаванд. Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе яке аз фурудгоҳҳои транзитиии Осиёи марказӣ аст, ки метавонад борҳои ба дараҷаи хавфнок мансуб доштаро қабул ва гусел намояд. Барои иҷозати бо чунин намуди бор сару кор гирифтан аз 20 то 27 сентябри соли ҷорӣ чаҳор нафар кормандони фурудгоҳи байналмилалии  Душанбе дар Донишгоҳи давлатии авиатсияи граждании Санкт Петербург дар мавзўи «Интиқоли борҳои хавфнок дар нақлиёти ҳавоӣ» аз рўи барномаи таълимии барои муаллимон омодашуда таҳсил карданд. Хатми курсҳои кўтоҳмуддат дараҷаи тахассусии кормандонро баланд карда, иҷоза медиҳад, ки дар оянда мутахассисони дараҷаи зарурӣ дар худи фурудгоҳ тайёр карда шаванд. Аз рўи барномаи таълимӣ ба хатмкунандагон шаҳодатномаи тахассусӣ дода шуда, вобаста ба намуд ва дараҷаи бори хавфноки интиқолшаванда иҷозаи таълим ва омода намудани мутахассисон дода шудааст.

Октябрь 4, 2010 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд