НАСБИ ТАҶҲИЗОТИ МЕТЕОРОЛОГӢ ДАР ҚУРҒОНТЕППА

Октябрь 22, 2010 17:46

Душанбе, 22 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Барои самаранок истифода бурдани захираҳои меҳнатӣ ва беҳтар намудани хизматрасонӣ ва таъмини бехатарии парвозҳо  дар фазои кишвар бо максади барқарор намудани қудрати истеҳсолии низоми таъмини метеорологӣ ва ҳамоҳангшавии низоми аэронавигатсионии кишвар ба стандартҳои ҷаҳонӣ ширкати махсусгардонидашудаи Финландия тибқи шартнома таҷҳизоти метеорологӣ ирсол намуд, ки дар айни замон насби он дар филиали Қӯрғонтеппа амалӣ шуда истодааст, чунин гуфт имрӯз директори генералии КВД «Тоҷикаэронавигатсия»  Анвар Мақсудов ба рӯзноманигорони дар нишасти матбуотӣ.    Ҳамчунин, бо мақсади татбиқи созишнома бо мутахассисони Вазорати мудофиаи Фаронса барномаи мукаммали тарҳрезии сохтмону баистифодасупории Манораи муназзамӣ дар шаҳри Душанбе таҳия гардида, аз ҷониби фаронсавиён, пешкаш гардид.    Ӯ, ҳамчунин, қайд кард ,ки фармоиши фаннӣ барои мутахассини ширкати «ЭРА» оид ба гузариш ба низоми «Мультилоторейшен» дар вилояти Суғд таҳия гардида, ба намояндагони ин ширкат пешкаш карда шуд. Дар айни замон татбиқи амалии барномаи мазкур ба роҳ монда шуда, мутахассисони Ширкат дар ҳамбастагӣ бо мутахассисони КВД «ТАН» корҳои заруриро анҷом дода истодаанд. Бояд таъкид кард, ки насби таҷҳизоти мазкур метавонад вазъи муроқибаро дар шимоли кишвар ба куллӣ аз ҷиҳати мусбату муосиршавӣ тағийр диҳад, — афзудА.Мақсудов.    

Октябрь 22, 2010 17:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд