НИШАСТИ НАМОЯНДАГОНИ КДАБКСИАС
Душанбе, 15 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Нишасти навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии ЕврАзЭС оид ба сиёсати иҷтимоӣ 18 октябри соли равон дар Душанбе баргузор мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов иттилоъ дод. Интизор меравад, ки дар нишаст намояндагони кишварҳои узви ин созмони бонуфузи иқтисодӣ ба мисли Русия, Қазоқистон, Белорус ва коршиносону олимон аз муассисаҳои мӯътабари илмии ин кишварҳо иштирок менамоянд. Тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонии кишварҳои аъзои Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии ЕврАзЭС, истифодаи таҷрибаи ҳамдигар, омӯзиш ва ошноӣ бо фаъолияти парлумонҳои касбӣ ва таҳкими равобити гуногунсоҳа байни ин давлатҳо аз масъалаҳои умдаи нишасти мазкур аст. Ҳайати ин нишаст бо роҳбарон ва аъзои Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагон дидору мулоқот менамоянд. Инчунин, онҳо аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А. Сино, мактаб-парваришгоҳи Чорбоғ, осорхонаи миллии таърих ва этнографии Тоҷикистон ва Қалъаи бостонии Ҳисор боздид менамоянд.








Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






