НИШАСТИ НАМОЯНДАГОНИ КДАБКСИАС

Октябрь 15, 2010 09:51

       Душанбе, 15 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Нишасти навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи  байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии ЕврАзЭС оид ба сиёсати иҷтимоӣ 18 октябри соли  равон дар Душанбе баргузор мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов иттилоъ дод.       Интизор меравад, ки дар нишаст  намояндагони кишварҳои узви ин созмони  бонуфузи иқтисодӣ ба мисли Русия, Қазоқистон, Белорус ва коршиносону олимон  аз муассисаҳои мӯътабари илмии  ин кишварҳо иштирок менамоянд.        Тақвияти ҳамкориҳои  байнипарлумонии кишварҳои  аъзои Ассамблеяи  байнипарлумонии кишварҳои  Иттиҳоди иқтисодии ЕврАзЭС, истифодаи таҷрибаи ҳамдигар, омӯзиш ва ошноӣ бо фаъолияти парлумонҳои касбӣ ва таҳкими равобити гуногунсоҳа байни ин давлатҳо аз масъалаҳои умдаи нишасти мазкур аст.      Ҳайати ин нишаст бо роҳбарон ва аъзои Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагон дидору мулоқот менамоянд. Инчунин, онҳо аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А. Сино, мактаб-парваришгоҳи Чорбоғ, осорхонаи миллии таърих ва этнографии Тоҷикистон ва Қалъаи бостонии Ҳисор боздид менамоянд.

Октябрь 15, 2010 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид