ОЛМОНИҲО ВА ТАБИАТИ ДИЛРАБОИ ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 11 октябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Чанде қабл яке аз нашриёти намоёни аврупоӣ дастури сайёҳиро таҳти унвони «Tadschikistan: zvichen Dushanbe und dem Dash der Welt» («Тоҷикистон: Аз Душанбе то Боми ҷаҳон»), бо теъдоди зиёда аз 5000 нусха бо забони олмонӣ аз чоп баровард. Китоб аз ҷониби рўзноманигор ва сайёҳи маъруф Сония Билл таҳия шудааст, ки дар он аз боздидҳои зиёд ва шиносоияш бо табиати дилрабои Тоҷикистон нақл мекунад. Китоб, ки аз 276 саҳифа иборат аст, аз баррасии ҷуғрофияи манотиқи гуногуни кишварамон, қариб 20 харита ва нақшаи шаҳрҳо, зиёда аз 130 сурат ва очерку мақолаҳои муаллиф мураттаб гардидааст, ки барои эҳтиёҷи сайёҳони олмонизабон таҳия шудааст. Муаллиф дар муқаддимаи китоби хеш Тоҷикистонро «кишвари дорои баландтарин кўҳҳо, ғанитарин захираҳои обӣ, дарозтарин пиряхҳо, либосҳои гуногунранги занона» тавсиф намуда, афзудааст, ки «ошноӣ бо табиати Тоҷикистон душвориҳои худро дорад, аммо наҳаросед, зеро тоҷикон ҳамеша ба мадади шумо шитоб хоҳанд намуд». Дар ин бора аз Департаменти иттилоотии ВКХ ҶТ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд






