САФАРИ ПУРҒАНОВАТИ ТЕАТР

Октябрь 13, 2010 14:11

Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Аз 1 то 10 октябри соли равон сафари ҳунарии театри давлатии русии ба номи В. Маяковский дар Федератсияи Русия баргузор гардид. Дар ин сафар театр 4 намоиши худро. аз ҷумла «Рустам ва Сӯҳроб»-и В. Жуковский, «Се хоҳарон»-и А. Чехов, «Ишқи аввали Насриддин»-и Т. Зулфиқоров ва «Алибобо ва роҳзанҳо»-ро  дар шаҳрҳои Брянск ва Орёл намоиш дод.   Сафари мазкур  аз рӯи барномаи дастгирии театрҳои русии давлатҳои ИДМ ва Балтия,  ки бо дастгирии Президент ва Ҳукумати ФР ба нақша гирифта шуда буд, баргузор гардид. Аз тарафи Ҳукумати ҶТ ва Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ин ташаббус дастгирӣ ёфт. Ҳайати эҷодии театр аз 30 нафар ҳунармандону кормандони техникӣ  иборат буд. Дар муддати 10 рӯз театр дар ду шахри номбаршудаи  ФР  14 намоиш нишон дод, ки онҳоро зиёда аз ҳазор тамошобин дар толор тамошо намуда, имконият пайдо карданд,  ки аз адабиёт, фарҳанг ва санъати театрии тоҷик  бохабар шаванд.  

Октябрь 13, 2010 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд