САФАРИ ВАЗИРИ МУДОФИАИ БЕЛГИЯ БА ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 15 октябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Имрӯз, 15 октябр Вазири мудофиаи Белгия Питер Де Крим ба Тоҷикистон ташриф меорад. Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз департаменти иттилоотии Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар доданд, дар чаҳорчӯби сафар мулоқоти Питер Де Крим бо ҳамтои тоҷики худ, Вазири мудофиаи Точикистон Шералӣ Хайруллоев ва дигар шахсони расмӣ дар назар аст.