ШӮҲРАТ – ҶОИЗАДОРИ ОЗМУН
Душанбе, 20 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Аз 5 то 7-уми октябри соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон, шаҳри Шимкент Озмуни байналмилалии «Казахская романсиада» баргузор гардид, ки дар он панҷ давлати узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил ширкат варзиданд. Аз ҷумла, 55 нафар овозхон аз Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон иштирок карда, тибқи талаботи озмун ду романс, яке бо забони русӣ ва дигар бо забони қазоқӣ иҷро карданд. Аз миёни 55 нафар 27 нафарашон ба ҷоизаҳои гуногун ноил гардиданд. Тоҷикистонро бошад, аспиранти Консерваторияи миллии Тоҷикистон ва овозхони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ Шӯҳрат Сафаров намояндагӣ карда, миёни 27 нафар бо ҷоизаи «Дӯстӣ» ва мукофотпулӣ қадрдонӣ гардид. Бояд ёдрас шуд, ки озмуни мазкур 13-сол қабл таъсис ёфта, ҳамасола баргузор мешавад ва Шӯҳрат Сафаров Тоҷикистонро бори аввал дар ин озмун муаррифӣ карда, ҳамзамон сазовори ҷоиза гардид. Ҳамчунин, ин овозхон моҳи апрели соли равон дар Озмуни байналмилалии «Баллада о солдате» дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия миёни 9 давлат ширкат варзида, соҳиби дипломи озмуни мазкур шуда буд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд.