ШАҲРДОРӢ МАНЗИЛҲОИ АРЗОН МЕСОЗАД

Октябрь 5, 2010 11:37

    Душанбе, 5 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар доираи “Барномаи комплексии рушди сохтмони манзил дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2007-2015» шаҳрдорӣ барои сохтмони манзилҳои нисбатан арзон афзалият дода, ба ширкатҳои татбиқи ин ташаббус имтиёзҳои андозӣ муқаррар месозад. Ин матлабро Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷаласае, ки бо ҳузури кормандони бахши сохтмони шаҳр, ширкатҳои лоиҳакашию сохтмонии ватанию хориҷӣ баргузор шуд, матраҳ кард. Ҳадафи ин иқдом дастрасии сокинон ба манзилҳои камарзиш ва беҳдошти вазъи рӯзгори онҳо аст.    Тибқи итттилои котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, иқдоми мазкур вақтҳои наздик бо қабули қарори дахлдор аз ҷониби Раиси шаҳр, ҳукми воқеӣ хоҳад гирифт.    Дар ҷаласа, инчунин, масъалаҳои дигари мубрами хоҷагидории шаҳр баррасӣ гардида, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. 

Октябрь 5, 2010 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд