ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНӢ
Душанбе, 25 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 25 октябр таҳти раёсати муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид. Аз маркази матбуоти палатаи поёнии парлумони мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар Шӯро лоиҳаи Қонуни коститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ», «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ» баррасӣ шуданд. Инчунин, Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи кӯмаки рушди Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи Ҷомеаи Аврупо дар бораи ифтитоҳ, имтиёз ва масъуниятҳои намояндагии Комиссияи Ҷомеаи Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дар бораи таъсиси гурӯҳи корӣ оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» ва «Дар хусуси тамдиди мӯҳлати баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният» мавридии баҳсу баррасии аъзои Шӯро қарор гирифтанд. Зикр шуд, ки мақсад аз пешниҳоди лоиҳаҳои қонунҳои мазкур ба палатаи поёнии парлумон такмил ва мутобиқ намудани онҳо ба қонунҳои амалкунанда, баланд бардоштани дониш ва маърифати экологии аҳолӣ, ҳифзи саломатӣ ва густариши ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишвару созмонҳои бонуфузи хориҷиву байналмилалӣ мебошад.Қисме аз масъалаҳо барои баррасӣ ба ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ва қисми дигар барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба Шӯъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардиданд.








Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






