ВОЛЕЙБОЛ ДАР МАЙДОНИ ВАРЗИШИИ КӮЛОБ
Кӯлоб, 11 октябр (АМИТ ”Ховар”, Сулаймон Холов).- Бахшида ба ҷашни 20 солагии Истиқлолияти ҶТ ва 63-солагии корманди шоистаи варзиш Маҳмадалӣ Назаров дар майдони варзишии шаҳри Кӯлоб мусобиқаи волейбол баргузор гардид. Дар ин мусобиқа 9 дастаи варзишгарони ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ширкат варзиданд. Дар мусобиқаи мазкур дастаи Кӯлоб-1, Кӯлоб-2, деҳаҳои Калот, Чапаев, ноҳияҳои Мӯъминобод, Ҳамадонӣ, Данғара ва Восеъ бо ҳам қувваозмоӣ намуданд. Ҷойи аввал ба дастаи Кӯлоб-1, ҷойи дуюм ба тими Кӯлоб-2 ва ҷойи сеюм ба командаи Мӯъминобод сазовор дониста шуд. Ғолибони мусобиқа аз тарафи бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии шаҳри Кӯлоб бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳо қадрдонӣ шуда, Мирзо Таваров, раиси ҷамъияти «Ҳосилот»-и ноҳияи Мӯъминобод беҳтарин бозингар дониста шуд.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд






