ЯКБОРА ЧОР МАОШ ГИРИФТАНД
Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Соли ҷорӣ Рӯзи омӯзгоронро бе мушкилоте барои ин табақаи аҳолӣ пешвоз гирифтем,- иброз дошт зимни сӯҳбати телефонӣ муаллими мактаби рақами 11 –и ноҳияи Зафаробод Мирзомурод Боймуродов ба мухбири АМИТ «Ховар» -Маълум аст, ки асосан қонуншиканӣ аз нофаҳмист. Онҳое, ки мехоҳанд аз ҳуқуқҳояшон огаҳ бошанд лоақал як бор Паёми Сарвари давлатро аз 24 –уми апрели соли 2010 ҳарф ба ҳарф ва нуқта ба нуқта омӯзанд. Паём дастурест барои аҳолии кишвар ва роҳбарони тамоми идораю вазоратҳои ҷумҳурӣ. Танҳо тавассути Паёми имсолаи Президент ба Маҷлиси Олӣ, ба муаллимони як қатор мактабҳои ноҳияи Зафаробод муяссар шуд, ки аз тарафи раиси вилоят Қоҳир Расулзода дар рӯзи қабули шаҳрвандон, чанде аз мушкилоти соҳаи маорифро ҳал намоянд. Аз ҷумла баробари дигар масъалаҳо муаллимоне, ки маоши чормоҳаашонро дар соли ҷорӣ нагирифта буданд, баъди қабули раис якбора чор маош гирифтанд,- афзуд дар сӯҳбати телефонӣ М. Боймуродов.








Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






