ЗИЁИЁН ВА РӮЗНОМАНИГОРОНИ ТОҶИК БА МАСКАВ МЕРАВАНД

Октябрь 12, 2010 12:15

Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). 14 -15 октябри соли равон дар шаҳри Маскав Форуми зиёиёни олим ва эҷодкори давлатҳои узви ИДМ баргузор мегардад. Бо назардошти  аз ҷониби Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ «Соли илм ва маорифи техникӣ» эълон гардидани соли 2010 мавзӯи асосии Форум  «Ҳамкории инноватсионӣ  ва боҳамоии потенсиалҳои гуманитарӣ-асоси  рушди  босуръати кишварҳои Иттиҳод мебошад». Дар Форум, инчунин, ифтитоҳи Пресс-клуби рӯзноманигорони давлатҳои ИДМ, Балтика ва Гурҷистон  ба нақша гирифта шудааст. Дар чаҳорчӯби Форум маросими супоридани ҷоизаи байналмиллалии Иттиҳоди давлатҳои узви ИДМ, баргузории намоишу дигар чорабиниҳои фарҳангӣ дар назар аст. Дар Форуми мазкур гурӯҳи калони зиёиён ва рӯзноманигорони тоҷик низ ширкат  менамоянд.

Октябрь 12, 2010 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд