ҲАМКОРИИ ИННОВАТСИОНИИ ИДМ
Душанбе, 18 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Агентии федеролии Россия оид ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил лоиҳаи барномаи байнидавлатии мақсадноки ҳамкории инноватсиониро барои кишварҳои аъзои ИДМ то соли 2020 омода намуд. Мутобиқи ин санади 300 саҳифагӣ, барнома тақвияти рақобатпазирии иқтисодиёти кишварҳои муштаракулманофеъ ва ташаккули истифодаи самараноки низоми миллии инноватсиониро пешбинӣ менамояд. Дар лоиҳаи барнома вазифаҳои муҳим, аз қабили ташкили фазои байнидавлатие, ки имкониятҳои низоми миллии инноватсиониро муттаҳид намояд, ҳамгироии давлатҳои аъзои ИДМ дар муҳити амиқи илмию техникӣ, инноватсионӣ ва таълимӣ, рушди инфрасохтори фаъолияти инноватсионӣ ва омодакунии кадрҳо ифода ёфтаанд. Ҳаҷми умумии маблағгузории барнома 100-180 миллиард доллар баҳогузорӣ мешавад. Саҳми умумии буҷетҳои миллӣ барои татбиқи он тахминан 5-10 фоизи хароҷоти умумии дохилиро барои таҳқиқот ва коркард дар кишварҳои иштирокчӣ дар бар хоҳад гирифт. Дар назар аст, ки барномаи мазкур дар мулоқоти сарвазирони ИДМ дар шаҳри Санкт-Петербург мавриди баррасӣ қарор гирифта, тасдиқи ниҳоии он дар баҳори соли оянда сурат мегирад.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






