ҲАМКОРИИ ИННОВАТСИОНИИ ИДМ
Душанбе, 17 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Агентии федеролии Россия оид ба ИДМ лоиҳаи барномаи байнидавлатии мақсадноки ҳамкории инноватсиониро барои кишварҳои муштаракулманофеъ то соли 2020 омода намуд. Мутобиқи ин санади 300 саҳифагӣ, барнома тақвияти рақобатпазирии иқтисодиёти кишварҳои муштаракулманофеъ ва ташаккули истифодаи самараноки низоми миллии инноватсиониро пешбинӣ менамояд. Дар лоиҳаи барнома вазифаҳои асосии зерин- ташкили фазои байнидавлатие, ки имкониятҳои низоми миллии инноватсиониро муттаҳид намояд, ҳамгироии давлатҳои аъзои ИДМ дар муҳити амиқи илмию техникӣ, инноватсионӣ ва таълимӣ, рушди инфрасохтори фаъолияти инноватсионӣ ва омодакунии кадрҳо ифода ёфтаанд. Ҳаҷми умумии маблағгузории барнома 100-180 миллиард доллар баҳогузорӣ мешавад. Саҳми умумии буҷетҳои миллӣ барои татбиқи он тахминан 5-10 фоизи хароҷоти умумии дохилиро барои тадқиқот ва коркард дар кишварҳои иштирокчӣ дар бар хоҳад гирифт. Дар назар аст, ки барномаи мазкур, дар мулоқоти сарвазирони ИДМ дар шаҳри Санкт-Петербург мавриди баррасӣ қарор гирифта, тасдиқи ниҳоии он дар баҳори соли оянда сурат мегирад.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






