ҶАМЪИЯТИ ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ҶИЭ ДАР ДУШАНБЕ ДАРМОНГОҲ МЕСОЗАД
Душанбе, 4 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — 3-юми ноябри соли равон намояндагони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Исломии Эрон (ҶҲА ҶИЭ) дар ҳайати муовини беҳдошт, дармон ва тавонбахшии ҶҲА ҶИЭ оғои Шоҳризоӣ аз кумитаи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон боздид намуданд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон иттилоъ доданд, мақсад аз ин боздид, шинос шудан бо фаъолияти ҶҲАТ, омӯзиши имкониятҳои ҶҲАТ барои ҳамкорӣ дар заминаҳои гуногун мебошад. Мақсади дигари ташрифи ин ҳайат аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ин масъалаи интихоб намудани бинои нав барои дармонгохи ҶҲА ҶИЭ дар шаҳри Душанбе мебошад, ки дармонгоҳи мазкур метавонад пайваста ба шахсони ниёзманду камбизоат хизмати тиббии худро расонад. Зимни мулоқоти ҳайати ҶҲА ҶИЭ ва котиби Генералии ҶҲАТ Зафар Муҳаббатов масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, табодули таҷриба дар заминаи фаъолияти тарафҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд. Зафар Муҳаббатов барои кӯмаку дастгириашон сипосгузорӣ намуда, омодагии ҶҲАТ-ро барои дар оянда густариш додани ҳамкории судманд бо ҶҲА ҶИЭ дар соҳаҳои мухталиф иброз намуд. Дар рафти боздид намояндагони ҶҲА ҶИЭ бо кору фаъолияти ҶҲАТ аз наздик шинос шуда бо кормандони КМ ҶҲАТ мулоқот намуданд. Оғои Шоҳризоӣ оид ба фаъолияти ҶҲА ҶИЭ ба таври мухтасар суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки мо ду миллати ҳамзабону ҳамфарҳанг ҳастем ва ду ҷамъияти дӯсту бародар метавонанд, ки дар заминаҳои гуногун ҳамкориҳои судманд дошта бошанд. Оғои Шоҳризоӣ зикр намуд, ки ҶҲА ҶИЭ омода аст ҶҲАТ-ро дастгирӣ намояд то ҶҲАТ тавонад дар оянда дар радифи ҷамъиятҳое, ки ба осебдидагони дигар кишварҳо дасти ёрӣ дароз мекунанд, қарор гирад. Дар анҷоми мулоқот кормандони ҶҲАТ аз оғои Шоҳризоӣ барои кӯмаку дастгирии ҶҲА ҶИЭ ба ҶҲАТ миннатдорӣ хешро баён намуда, фикру андешаҳои худро барои боз ҳам беҳтар бар роҳ мондани ҳамкорӣ байни ду ҷамъияти дӯсту бародар иброз доштанд.