ГАНДУМИ БА ШАРОИТИ ПОМИР МУВОФИҚ

Ноябрь 24, 2010 10:31

      Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти пойгоҳи илмию тадқиқотии кишоварзии Помир, дар асоси таҷрибаи дар соли 2009 -2010 гузаронидаи олимон муайян   шуд, ки дар ноҳияи Рӯшон гандуми навъҳои «Стекловидная -24» ва «Атоӣ» дар баландии 1800 метр аз сатҳи баҳр ба зимистони қаҳратуни ин мавзеъ тоб оварда метавонад. Олимон дар 5 га замин тирамоҳи соли 2009 ин навъҳои гандумро кишт намуданд. Ин навъҳо дар зимистони соли 2009 – 2010  ба хунукии 25 – 30 дараҷа ва қабати   1 метру 20 см   барф тоб оварда, баъди обшавии барф хуб нашъунамо намуда, аз ҳар гектари он то 3,5 тонна ҳосили  гандум ба даст оварда шуд.                 Олимон  барои ҳамаи ноҳияҳои Бадахшон кишти  ин навъҳои гандумро   тавсия додаанд.

Ноябрь 24, 2010 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд