ИШИТРОКИ Э.РАҲМОН ДАР ҶАЛАСАИ 29 – УМИ ШЎРОИ РОҲБАРОНИ МАҚОМОТИ АМНИЯТИИ ИДМ

Ноябрь 9, 2010 14:09

Душанбе, 9 ноябр. (АМИТ «Ховар»).-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар қисмати ифтитоҳии ҷаласаи 29 – уми Шўрои роҳбарони мақомоти амният ва хадамоти махсуси кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иштирокдорони ин ҷамъомадро аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва аз давлатҳои Фаронса, Олмон ва Италия, ки шарикони аврупоии шўрои мазкур мебошанд, хайрамақдам гуфта, барояшон дар Тоҷикистон кори босамар ва будубоши форам таманно намуд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ аз пасомадҳои бўҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, ки ба сиёсати давлатҳо низ таъсир расондааст ва «ба яке аз воситаҳои асосии бозиҳои геополитикии баъзе нерўҳои сиёсӣ табдил ёфтани терроризм»  изҳори нигаронӣ карда, таъкид дошт: — «террорист ватан, миллат, дин ва мазҳаб надорад ва ба роҳ мондани сиёсати дугона нисбат ба нерўҳои террористӣ дар ҳама ҳолатҳо бояд қатъиян маҳкум карда шавад». Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки татбиқи амалии қатъномаи №1377 Шўрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид, ки терроризм ва кишварҳои пуштибони онро аз ҷомеаи ҷаҳонӣ берун мегузорад, «басо муҳим» арзёбӣ намуд. Дар суханронӣ изҳор гардид, ки дар шароити алоқамандӣ ва вобастагии глобалии тамоми ҷаҳон ҳеҷ як давлат наметавонад амнияти худро ба танҳогӣ таъмин карда, аз таъсири аъмоли террористию экстремистии  дар дигар нуқоти олам рухдода эмин бошад. Бо назардошти дастовардҳои навтарини илму техника идомаи муҳайёсозии заминаи ҳуқуқӣ ва ташкилии мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи технологияҳои муосир, қабл аз ҳама технологияҳои иттилоотӣ зарур шумурда шуд. Таъкид гардид, ки барои ҳифзи боэътимоди фазои иттилоотии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бояд чораҳои муассир амалӣ карда шаванд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таҳкиму густариши ҳамкории иқтисодӣ ва рушди иҷтимоии ҷомеаро роҳи асосии решакан кардани шароит ва сабабҳои эҷодкунандаи терроризму экстремизм арзёбӣ намуд. Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон,  «барои афзоиши самарабахшии  муборизаи муштарак бо чунин таҳдиду хатарҳо боварии байниҳамдигарӣ, ҳамфикрию ҳаммаромии миёни  мақомоти амнияту хадамоти махсус ва ҳамоҳангсозии амалиёти онҳо бояд тақвият ёбад». Сарвари давлати Тоҷикистон таъкид дошт, ки «дар амалиётҳои муштараки зиддитеррористӣ бояд ба мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир афзалият дода шавад».   Эмомалӣ Раҳмон аз нақши сипарии Тоҷикистон чун кишвари пешгирикунандаи паҳншавии терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз Афғонистон ёдовар шуда, аз ҷумла иттилоъ дод: — «дар зарфи 10 сол дар Тоҷикистон зиёда аз 68 тоннаю 300 кг маводи мухаддир мусодира шудааст, ки 28,5 тоннаи онро  героин ташкил медиҳад». Ба андешаи Сарвари давлати Тоҷикистон «ин миллиардҳо доллари ба дасти қочоқчиён ва террористону экстремистон нарасида ва миллионҳо ҳаёти наҷотёфта мебошад». Ба иттилои Эмомалӣ Раҳмон, «дар натиҷаи ҳамкории босамари сохторҳои дахлдори Тоҷикистону Афғонистон бевосита дар ҳудуди ин кишвари ҳамсоя 19 лабораторияи истеҳсоли героин несту нобуд ва 7 тонна маводи мухаддир мусодира карда шудааст». Таъкид гардид, ки барои афзун намудани самаранокии мубориза бар зидди гардиши маводи мухаддир ҳамчунин тадбирҳои муштараки сохторҳои дахлдори кишварҳои Осиёи Марказӣ,  ба хусус барои бартараф намудани аъмоли ҷиноии гурўҳҳои трансмиллӣ, бояд тақвият дода шаванд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз заминаи қавии қарордодию ҳуқуқӣ миёни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҳам бо давлатҳои Иттиҳоди Аврупо, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Япония, Ҳиндустон, Эрон ва Туркия изҳори боварӣ намуд, ки ҳамкории ин кишварҳо дар муборизаи муштараки зиддитеррористӣ босамар хоҳад буд. Дар қисмати ифтитоҳии ҷаласа ҳамчунин раиси Шўрои роҳбарони мақомоти амният ва хадамоти махсуси кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил- Директори Хадамоти федералии амнияти Русия Александр Бортников суханронӣ карда, аз ҷумла ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ин ҳамоиш ва баён намудани андешаҳои ҷолибу омўзанда арзи сипос кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ноябрь 9, 2010 14:09

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад