ЛОИҲАҲО АМАЛӢ МЕШАВАНД

Ноябрь 30, 2010 09:08

   Душанбе, 30 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» -и ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо Бонки Ҷаҳонӣ дар маркази 8 шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Ваҳдат, Данғара, Восеъ, Рашт, Конибодом ва Истаравшан лоиҳаи рушди инфрасохтори маҳаллӣ (коммуналӣ) — ро амалӣ мегардонад,- иттилоъ доданд дар КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ба мухбири (АМИТ «Ховар».    Ба гуфти ҳамин манбаъ, дар марҳилаи сеюми лоиҳа корҳои барқарорсозии системаҳои таъмини оби нӯшокӣ дар    шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Восеъ, ки  ба маблағи умумии 8 млн. 149 ҳазор сомонӣ  пешбинӣ шудааст, то имрӯз   ба маблағи 389 ҳазору 700 сомонӣ  корҳо иҷро карда шудаанд.    Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» баҳри ҷалби сармоягузории хориҷӣ аз тамоми ташкилоти байналмилалии молиявӣ ва ватанӣ  бо мақсади дар амал татбиқ намудани лоиҳаҳои  маблағгузор (инвеститсионӣ) даъват ба амал овардааст.    Дар сурати пурра амалӣ шудани лоиҳа, қисмати ҷанубии кишвар бо оби софи ошомиданӣ таъмин хоҳад шуд.

Ноябрь 30, 2010 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад