ЛОИҲАҲО АМАЛӢ МЕШАВАНД
Душанбе, 30 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» -и ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо Бонки Ҷаҳонӣ дар маркази 8 шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Ваҳдат, Данғара, Восеъ, Рашт, Конибодом ва Истаравшан лоиҳаи рушди инфрасохтори маҳаллӣ (коммуналӣ) — ро амалӣ мегардонад,- иттилоъ доданд дар КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ба мухбири (АМИТ «Ховар». Ба гуфти ҳамин манбаъ, дар марҳилаи сеюми лоиҳа корҳои барқарорсозии системаҳои таъмини оби нӯшокӣ дар шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Восеъ, ки ба маблағи умумии 8 млн. 149 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст, то имрӯз ба маблағи 389 ҳазору 700 сомонӣ корҳо иҷро карда шудаанд. Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» баҳри ҷалби сармоягузории хориҷӣ аз тамоми ташкилоти байналмилалии молиявӣ ва ватанӣ бо мақсади дар амал татбиқ намудани лоиҳаҳои маблағгузор (инвеститсионӣ) даъват ба амал овардааст. Дар сурати пурра амалӣ шудани лоиҳа, қисмати ҷанубии кишвар бо оби софи ошомиданӣ таъмин хоҳад шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






