МАБЛАҒИ ЗАРАР ПӮШОНИДА ШУД
Душанбе, 9 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо мақсади иҷрои барномаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва таъмини амнияти озуқавории кишвар, соли 2010 ба бӯҳрони молиявӣ ва мушкилиҳои вазъи ҳаво нигоҳ накарда, кишоварзони ноҳияи Ваҳдат дар майдони 16 ҳазору 944 га кишти тирамоҳӣ ва баҳорӣ гузаронида, ҳосили фаровон ба даст оварданд. Офатҳои табиии баҳори имсола ба 533 га майдони гандумзор, 7 га пиёзи бехӣ, 51 га нахӯд, 55 га зағир, 38 га ҷав, 257 га боғ ва 333 га токзор зарари ҷиддӣ расонид, ки маблағи он 3 млн. 6783 ҳазор сомониро ташкил дод. Бо мақсади пӯшонидани зарари ба хоҷагиҳо расида майдони 6 ҳазору 200 га такроран кишт шуд. Дар ҷамъбасти «Ҳосил — 2010» кишоварзони ноҳия ба маблағи 267 млн. 646 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба соли 2009 9 млн. 500 ҳазор сомонӣ зиёд аст,- хабар доданд аз Раёсати кишоварзии ноҳияи Ваҳдат ба мухбири АМИТ «Ховар».








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






