МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАИ СММ

Ноябрь 30, 2010 13:20

Душанбе, 30 ноябр. (АМИТ «Ховар»,  Фирдавс  Таваров). – Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон имрӯз  бо  роҳбари Раёсати  Созмони  Милали  Муттаҳид дар  масъалаҳои  назорати  маводи  нашъадор  ва  ҷинояткорӣ Юрий  Федотов  мулоқот  кард.           Ю.Федотов  баъди  анҷоми  мулоқот  зимни  сӯҳбат  бо  хабарнигорон  изҳор  намуд, ки  ҳамроҳи  Президент  масъалаҳои  вусъати  ҳамкории  байналхалқӣ,  зарурати  муқаррар  намудани  нақшаи  доманадори  стратегии  мубориза ба  муқобили  паҳншавии  маводи  нашъадор ва пурзӯр намудани  ҳамкории  мамлакатҳои  аъзои  СММ – ро  дар  ин  самт  мавриди баррасӣ  қарор  додааст.  Ю.Федотов  изҳор  намуд, ки  Раёсати  СММ  дар  масъалаҳои  назорати  маводи  нашъадор  ва  ҷинояткорӣ  тайёр  аст,  ба  Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  ҳалли  вазифаҳои марбута  кӯмаки  ҳамаҷониба  расонад. Номбурда  ба  фаъолияти  самарабахши  Агентии  назорати  маводи нашъадори  назди  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  баҳои  баланд  дод. Бояд  гуфт, ки  агентии  мазкур  бо  дастгирии  СММ ташкил  карда шудааст. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки  Ю. Федотов  зимни  сафар  ба  яке  аз  қитъаҳои  сарҳади  Афғонистону Тоҷикистон  рафта,  бевосита  бо  вазъияти  сарҳад  ва  тадбирҳои  мустаҳкам  намудани он  шинос  хоҳад  шуд.

Ноябрь 30, 2010 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад