САФАРИ ҚАРИБУЛВУҚӮИ Э. РАҲМОН БА ПОКИСТОН

Ноябрь 24, 2010 10:29

Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- 23 ноябри соли 2010 сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Покистон Зубайдулло Зубайдов бо муовини аввали Вазири корҳои хориҷии ин кишвар Салмон Башир мулоқот доир намуд. Дар вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба муносибатҳои дуҷониба ва сеҷонибаи Тоҷикистон, Покистон ва Афғонистон дар марҳилаи кунунӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Муҳокимаи масъалаҳои вобаста ба сафари расмии қарибулвуқӯи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон ва омодагӣ ба он яке аз мавзӯъҳои асосии мулоқот буд. Ҷонибҳо роҷеъ ба ҷаласаи навбатии сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Душанбе табодули назар намуда, сафари ҳайъати баландпояи Покистонро таҳти роҳбарии Сарвазир Сайид Юсуф Ризо Гелонӣ ба Тоҷикистон исботи кӯшишҳо барои боз ҳам таҳкиму тавсеа бахшидани ҳамкориҳои ду давлати дӯст арзёбӣ намуданд. Зимни сӯҳбат Салмон Башир иброз дошт, ки Покистон барои амалӣ шудани лоиҳаи КАСА-1000, ки барои ин кишвар аҳамияти хосаи ҳаётӣ дорад, кӯшишҳои муассирро ба харҷ хоҳад дод. Сафир қаноатмандии ҷониби Тоҷикистонро аз бозгашти муҳассилини ғайрирасмии кишвараш аз Покистон қайд намуда, иброз дошт, ки ҳамкорӣ дар ин самт минбаъд низ идома хоҳад ёфт. Вобаста ба ин табодули сафарҳои донишҷӯён, аҳли илму адаб ва вакилони парлумони ҳарду кишвар хеле самаранок хоҳад буд.

Ноябрь 24, 2010 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд