САНЪАТИ ТОҶИК-ТАСХИРГАРИ ТУРКМАНИСТОН
Душанбе, 18 ноябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Аз 10 то 14 ноябри соли равон дар Туркманистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон бо муваффақият баргузор гардид. Ҳайати расмиро дар чорабиниҳои идона вазири фарҳанги ҶТ Мирзошоҳрух Асрорӣ, мудири шӯъбаи фарҳанги назди Президенти ҶТ Сафаралӣ Қурбонов, раиси Иттифоқи нависандагон Меҳмон Бахтӣ ва муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ Дилафрӯз Амирқулова муаррифӣ намуданд. Дар чаҳорчӯби Рӯзҳои фарҳанг арбобони санъати тоҷик ба сокинони Ашқобод барномаи калони консертиро намоиш доданд. Дар барнома устодони машҳури санъати сарояндагӣ, мусиқӣ ва раққосӣ, ҳамчунин, ҳунармандони театри давлатӣ ва драмавии ба номи А. Лоҳутӣ намоишномаи беҳтарини худ бо номи «Кабки қафас»-ро пешкаши тамошобинон гардониданд. Нависандагону шоирони тоҷик бо истиқоматкунандагони кишвари бародар мулоқоти эҷодӣ доир намуда, китобҳоро ба намоиш гузоштанд. 12 ноябр дар осорхонаи санъати тасвирии Туркманистон ба номи Сафармурод Туркманбошӣ Ниёзови шаҳри Ашқобод намоиши расмҳои суратгири машҳур Шукурҷон Ёров баргузор гардид. Ӯ асарҳои худро, ки баёнгари ҷанбаҳои гуногуни сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва илмии зиндагии тоҷикистониён буд, намоиш дод. Дар бисёр мусаввараҳои ин рассом манзараҳои зебою нотакрори кӯҳистони тоҷик-дарёҳо, кӯлҳо, ҳамвориҳо, ёдгориҳои таърихӣ ва иншооти муосири меъморӣ тасвир ёфтаанд. Тасвирҳои охирини суратгир ба фестивал-озмуни «Чакомаи гесӯ», ки чанде пеш баргузор гашта, дар он намудҳои зиёди либосҳо ва зару зевари миллии занона, ки духтарон ва занони зебою мӯйдароз бо ин либосҳо баромад намуданд, бахшида шуда буд. «Маро хоҳиши самимонаи тамошобинони намоишгоҳ, ки мехостанд ҳарчӣ бештар дар бораи кишвари мо, фарҳанг, санъат ва ҳаёти тоҷикон ошноӣ пайдо намоянд, мутаассир намуд. Онҳо бо таваҷҷӯҳи зиёд суратҳоеро, ки Тоҷикистони воқеиро дар солҳои соҳибистиқлолӣ ифода менамуд, тамошо намуданд. Чунин намоишҳо пеш аз ҳама барои наздик шудани халқҳоямон, ки дорои таърихи умумии қадима, фарҳанг ва дин мебошанд, кӯмак мерасонанд. Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон чун Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон ба 20-солагии Истиқлолияти давлатҳои собиқ Шӯравӣ бахшида шуда буд», -иброз намуд рассом Ш. Ёров.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






