ЗУҲУРОВ БА РОҲБАРИЯТИ ЭРОН ИЗҲОРИ СИПОС НАМУД

Ноябрь 30, 2010 14:42

            Душанбе, 30 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Мо аз роҳбарияти Ҷумҳурии Исломии Эрон миннатдорем, ки бо даъвати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қисми шаҳрвандони моро, ки ба таври ғайрирасмӣ барои таҳсил ба Эрон омада буданд, ба ватан баргардониданд». Ин нуктаро Раиси Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров зимни мулоқоташ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод дар Теҳрон  иброз дошт.      Алҳол,  200 нафар донишҷӯёни тоҷик бе мувофиқа  бо мақомоти марбутаи Тоҷикистон дар бахши динии донишгоҳҳои байналмилалии   Теҳрон, Қум, Гургон ва Машҳад таҳсил менамоянд, хуб мебуд, агар ин ҷавонони тоҷик ба риштаҳои илмҳои дақиқ, ҳандаса, тиб ва ғайра, ки Тоҷикистон ба он ниёзи бештар дорад, гузаронида шаванд, афзуд Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон.      Мусоҳибон  вазъи ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои  фарҳанг, илму маориф, гиромидошти мероси таърихию фарҳангӣ ва адабии муштарак, таъсиси шабакаи телевизионии кишварҳои форсизабонро баррасӣ карда, аз сатҳи густариши ҳамкориҳо дар ин самт изҳори қаноатмандӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов аз Теҳрон иттилоъ дод.     

Ноябрь 30, 2010 14:42

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад