ҚАБУЛИ ДАСТУРИ МН МО ҶТ

Декабрь 22, 2010 14:27

  Душанбе, 22 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Лоиҳаи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни баргузории иҷлосияи дуюми палатаи поёнии парлумони мамлакат 22 декабр қабул гардид.     Азизмат Имомов раиси Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагон ва Сафаралӣ Раҷабов раиси кумитаи ин мақоми олии қонунгузори мамлакат масъалаи мазкурро шарҳ дода гуфтанд, ки лоиҳаи мазкур бо мақсади фарогирии тамоми самтҳои фаъолияти Маҷлиси намояндагон ва мақомоти он, мутобиқгардонӣ ба муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст.    Зикр гардид, ки дар асоси хулосаҳои кумитаҳо, бо назардошти аҳамияти махсуси Дастур дар ташкили ҳамаи самтҳои фаъолияти Маҷлиси намояндагон, нақши он дар таъмини самаранокии корҳои ҳар як вакил барои такмили лоиҳаи санади мазкур бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи  корӣ таъсис дода шуд.         Гурӯҳи корӣ дар раванди фаъолияти худ дар ин замина, шаш ҷаласа гузаронида, дар навбати аввал хулосаҳои кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шӯъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагонро мавриди баррасӣ қарор дод.  

Декабрь 22, 2010 14:27

Хабарҳои дигари ин бахш

16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст