ҚАБУЛИ ДАСТУРИ МН МО ҶТ
Душанбе, 22 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Лоиҳаи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни баргузории иҷлосияи дуюми палатаи поёнии парлумони мамлакат 22 декабр қабул гардид. Азизмат Имомов раиси Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагон ва Сафаралӣ Раҷабов раиси кумитаи ин мақоми олии қонунгузори мамлакат масъалаи мазкурро шарҳ дода гуфтанд, ки лоиҳаи мазкур бо мақсади фарогирии тамоми самтҳои фаъолияти Маҷлиси намояндагон ва мақомоти он, мутобиқгардонӣ ба муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст. Зикр гардид, ки дар асоси хулосаҳои кумитаҳо, бо назардошти аҳамияти махсуси Дастур дар ташкили ҳамаи самтҳои фаъолияти Маҷлиси намояндагон, нақши он дар таъмини самаранокии корҳои ҳар як вакил барои такмили лоиҳаи санади мазкур бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Гурӯҳи корӣ дар раванди фаъолияти худ дар ин замина, шаш ҷаласа гузаронида, дар навбати аввал хулосаҳои кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шӯъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагонро мавриди баррасӣ қарор дод.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






