ҚОНУН МОНОПОЛИЯРО АЗ БАЙН МЕБАРАД
Душанбе, 9 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон –Маҷлиси намояндагон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ»-ро қабул кард. Вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов ва вакили Маҷлиси намояндагон Бег Қурбонов зимни тавзеҳи масъалаи мазкур зикр карданд, ки мақсад аз таҳияи қонун мутобиқ намудани фаъолияти суғуртавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо стандартҳои байналмилалии суғуртавӣ, системаи ягонаи байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва инчунин бо ислоҳоти иқтисодию молиявӣ, ки дар ҷумҳурӣ дар ҳоли амалӣ гардидан қарор дорад, ба шумор меравад. Қонуни мазкур имконият медиҳад, ки муносибатҳои бозори суғуртавӣ дар ҷумҳурӣ дар шакли нави бозори муосири суғуртавӣ ташкил шуда, дар он ҳамаи ширкатҳои суғуртавӣ ба таври рақобатпазирӣ баробар фаъолият намоянд. Ҳамзамон, қонун метавонад монополияро дар суғуртаи ҳатмӣ, ки имрӯз дар бозори суғуртавӣ ҷой дорад, аз байн барад ва дар натиҷаи татбиқи он шумораи депозитҳо афзуда, маблағгузории маблағҳои захиравӣ барои додани қарз зиёд гардида, барои ҷалби сармоягузорӣ ҷиҳати рушди иқтисоди ҷумҳурӣ мусоидат намояд.








16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст






