ҲАҶМИ БОРКАШОНИИ ТРАНЗИТӢ КАМ ШУД

Декабрь 30, 2010 11:46

Душанбе, 30 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, дар давоми 11 моҳи соли 2010 ҳаҷми боркашонии нақлиёти роҳи оҳан  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 млн. 807 ҳазор тонна кам шуд ва дар маҷмӯъ 9 млн. 511 ҳазор тоннаро ташкил дод.    Камшавии ҳаҷми боркашонӣ асосан аз ҳисоби борҳои транзитӣ ба амал омадааст. Ҳаҷми боркашонӣ дар дохили кишвар аз рӯи қитъаҳои КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» чунин аст: дар қитъаи роҳи оҳани вилояти Суғд 6 млн. 371 ҳазор тонна км, дар қитъаи роҳи оҳани Душанбе (якҷоя бо НТҶ) — 2 млн. 745 ҳазор тонна км ва дар қитъаи роҳи оҳани вилояти Хатлон  394 ҳазор тонна км бор кашонида шудааст. Дар ин давра тавассути нақлиёти роҳи оҳан 15 ҳазор қатора (вагон) мол бор карда шуда, 73 ҳазор қатора (вагон) аз бор холӣ карда шудааст. Ҳамаи борҳо мувофиқи ҷадвал фиристода шудаанд ва аз ҷониби фармоишгарон  ба КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҳеҷ гуна даъво ворид нашудааст.

Декабрь 30, 2010 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст