ҲАФТАИ ЗАБОНИ РУСӣ ДАР ДДҲБСТ

Декабрь 22, 2010 10:20

Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, биснес ва сиёсати Тоҷикистон дар доираи чорабиниҳои соли маориф ва фарҳанги техникӣ ҳафтаи забони русӣ  гузаронида шуд. Дар баробари озмунҳои иншои беҳтарин, хониши беҳтарин, суҳбати мизи мудаввар, конфронси илмии донишҷӯён  доир ба  таърихи адабиёти  ҷаҳон низ  баргузор шуд. Дар он донишҷӯён  дар мавзӯи баробарии ирқии одамон дар асарҳои В. Шекспир,  А.Дюма, В.Скотт, В.Гюго, М.Твен, О.Балзак, Э.А.По, А.С.Пушкин, М.Ю.Лермонтов, А.Дониш ва С.Айнӣ  маърӯзаҳои  пурмӯҳтаво карданд. Чунин чорабиниҳо ба баланд гаштани сатҳи забономӯзӣ, маърифат ва ҷаҳонбинии донишҷӯён мусоидат менамояд.

Декабрь 22, 2010 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст