ҲУНАРМАНДОН ДАР РАШТ

Декабрь 16, 2010 08:29

Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Дирӯз гурӯҳҳои ҳунарии зертобеи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади доир намудани барномаи консертӣ ба ноҳияи Рашт сафар карданд.   Ба ин ҳайат ҳунарпешаҳои филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев  Раҳматулло Ҳошимов, Нуроншо Латипов, ҳофизи халқии Тоҷикистон – Файзалӣ Ҳасанов, ҳунарпешагони шоистаи Тоҷикистон – Назриддин Неъматуллоев, Ҳабибулло Беков ва мутрибони дастаҳои зертобеи сохторҳои зикршуда шомиланд. Бояд гуфт, ки сафари ҳунарӣ  аз 15 то 24 декабр идома ёфта, барномаҳои консертӣ дар ҷамоатҳои Тагоба, Оби меҳнат, Боқӣ Раҳимзода, Нусратулло Махсум, Ҳиҷборак, Навдӣ, Қалъаи Сурх, Ҷафр, Аскалон, Ҳоит, Ясман ва  шаҳракҳои Ғарму Навобод доир  мегарданд. Дар ин бора аз маркази матбуоти вазорати фарҳанг хабар доданд.   

Декабрь 16, 2010 08:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд
3010 нафар сайёҳони хориҷӣ манзараҳои нотакрори Ховалингро тамошо намуданд
Дар Хатлон 165 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бунёд карда мешавад
6 август дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 37 дараҷа мерасад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 август, сешанбе, 217-умин рӯзи соли 2025 аст
Имрӯз дар Суди Олии иқтисодӣ, Хадамоти иҷро, Маркази тадқиқоти стратегӣ, «Амонатбонк» ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ 20 нафарро аз ғарқшавӣ наҷот доданд