ҲУНАРМАНДОН ДАР РАШТ
Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Дирӯз гурӯҳҳои ҳунарии зертобеи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади доир намудани барномаи консертӣ ба ноҳияи Рашт сафар карданд. Ба ин ҳайат ҳунарпешаҳои филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев Раҳматулло Ҳошимов, Нуроншо Латипов, ҳофизи халқии Тоҷикистон – Файзалӣ Ҳасанов, ҳунарпешагони шоистаи Тоҷикистон – Назриддин Неъматуллоев, Ҳабибулло Беков ва мутрибони дастаҳои зертобеи сохторҳои зикршуда шомиланд. Бояд гуфт, ки сафари ҳунарӣ аз 15 то 24 декабр идома ёфта, барномаҳои консертӣ дар ҷамоатҳои Тагоба, Оби меҳнат, Боқӣ Раҳимзода, Нусратулло Махсум, Ҳиҷборак, Навдӣ, Қалъаи Сурх, Ҷафр, Аскалон, Ҳоит, Ясман ва шаҳракҳои Ғарму Навобод доир мегарданд. Дар ин бора аз маркази матбуоти вазорати фарҳанг хабар доданд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






