АФЗОИШИ ҲАҶМИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ ДАР СУҒД
Душанбе, 7 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар вилояти Суғд солҳои охир бинобар пурра истифода гардидани иқтидорҳои мавҷуда ва ҷорӣ кардани технологияҳои замонавӣ ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ афзоиш ёфт. Дар назар аст, ки он дар соли 2010 нисбат ба соли 2006-ум 2 маротиба афзоиш ёфта, ба 1,5 млрд. сомонӣ расонида шавад. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки татбиқи пурраи тадбирҳои барномаҳои соҳаи саноат, бахусус «Барномаи коркарди пурраи нахи пахтаи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда дар давраи то соли 2015» имкон дод, ки тӯли ин солҳо 3 корхонаи коркарди нахи пахта, аз ҷумла ҶДММ «Спитамен –текстайл», корхонаи муштараки «Хуҷанд-Нику» ва ҶДММ «Тестилимпэкс» таъсис дода шаванд ва дар натиҷа 1550 адад ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шуд. Танҳо дар соли 2009 ба хориҷи кишвар ба маблағи 53,1 млн. доллари ИМА маҳсулоти саноатӣ содирот гардид. Тӯли солҳои 2006-2010 дар вилоят 81 корхонаи саноатӣ бо теъдоди 6949 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуд, ки онҳо барои рушди соҳаи саноати вилоят замина мегузоранд. Мавриди зикр аст, ки байни корхонаҳои навтаъсисшуда саҳми ҶММ «Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин», ҶДММ «Дион – ангишти Тоҷикистон» ва ҶДММ «Заводи сементбарорӣ»-и шаҳри Исфара назаррас аст. Дар ин давра иқтидори корхонаҳои муштараки «Зарафшон», «Ҷавонӣ» ва «Сатн» низ васеъ гардида, фаъолияти бозистодаи КМ «Кабоол-текстайлз» аз нав оғоз гардид. Вобаста ба иҷрои супориши Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар бобати сохта ба истифода додани корхонаи истеҳсоли лампаҳои каммасраф тадбирҳо андешида шуда, дар ҶСШК «Чароғ»-и шаҳри Исфара ва коргоҳи «Сомон»-и шаҳри Чкалов соли 2010 истеҳсоли лампаҳои каммасраф ба роҳ монда шуд, ки дар маҷмӯъ 120 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштанд.








16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст






