АФЗОИШИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӣ

Декабрь 28, 2010 15:20

 Душанбе, 28 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар доираи татбиқи Барномаҳои соҳаи саноат соли 2010 дар вилояти Суғд 17 корхонаи нави саноатӣ таъсис дода шуда, дар маҷмӯъ 2620 ҷойҳои нави корӣ ташкил гардид. Ин ба зиёдшавии ҳаҷми маҳсулоти соҳа, ғанӣ гардонидани даромадҳои буҷет ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мусоидат намуд.             Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба мо иттилоъ доданд, саноатчиёни вилоят ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро бо нархҳои муқоисавӣ ба 1 млрд. 490 млн. 794 ҳазору 992 сомонӣ расониданд, ки суръати афзоиш 124,7 фоизи  сатҳи ҳамин давраи соли гузаштаро ташкил намуд. Ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят вусъати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатиро  таъмин намуданд. Боиси зикр аст, ки соли ҷорӣ ду корхонаи истеҳсоли лампаҳои каммасраф — ҶСШК «Чароғ»-и шаҳри Исфара ва коргоҳи «Сомон» дар шаҳри Чкалов ба фаъолият оғоз намуда, ба маблағи 508,7 ҳазор сомонӣ ё ки ба миқдори 85 ҳазору 334 дона лампаҳои каммасраф истеҳсол намуданд ва 120 нафар ба ҷойҳои кории доимӣ таъмин гаштанд. 

Декабрь 28, 2010 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст