АГЕНТӢ КОРГАР МЕҶӮЯД
Душанбе, 15 декабр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — Дар Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» соли равон аз ҳисоби аҳолии бешуғл 1146 нафар шаҳрвандони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба касбомўзӣ аз рӯи ихтисосҳои назоратчии мошини электронии ҳисоббарор (МЭҲ), муҳосиб, қаннод, барқчӣ, кафшергари барқ фаро гирифта шуданд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз шўъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд. Инчунин 225 нафар шаҳрвандон, ки хоҳиши бозомўзӣ ва такмили ихтисосро доштанд, ба гурўҳҳои худмаблағгузор доир ба ихтисосҳои оператори МЭҲ, муҳосиб, кафшергари барқ қабул шуданд. Дар айни замон қабули шаҳрвандон барои ихтисосҳои устои таъмиргар, кафшергари газӣ, дўзандаи либосҳои миллӣ, ки талабот дар бозори меҳнат ба онҳо зиёд аст, тавассути роҳхатҳои раёсатҳои Агентӣ ва ҳам дар асоси худмаблағгузорӣ идома дорад. Фаъолияти филиалҳои Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар шаҳрҳои Кўлоб, Қурғонтеппа, Конибодом, ноҳияи Тоҷикобод ва дигар марказҳои таълимии зертобеи МД МТКТ оид ба фарогирии аҳолии бешуғл, азхудкунии ихтисосҳо ва расонидани кўмаки ҳамаҷониба пайваста зери назорати роҳбарияти марказ қарор дорад. Дар ин муддат аз тарафи коркунони масъули МД МТКТ нақша ва барномаи ихтисосҳои «Коркарди сангҳои қиммат ва нимқиммат», «Рўзгордорӣ», «Коркунони соҳаи иҷтимоӣ» таҳия гардида, дар Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд. Бахшида ба «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» дар моҳи июли соли 2010-ум ярмаркаи омўзиши касбӣ гузаронида шуд, ки дар он ҳамаи марказҳои таълимии шаҳри Душанбе, мақомоти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати шаҳри Душанбе, литсей- интернати касбии махсуси маъюбон, ташкилоту корхонаҳои шаҳри Душанбе ширкат варзиданд.








16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст






