АГЕНТӢ КОРГАР МЕҶӮЯД

Декабрь 15, 2010 16:50

Душанбе, 15 декабр. (АМИТ «Ховар»,  Мавзуна Бойева). — Дар  Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон»    соли равон  аз ҳисоби аҳолии бешуғл 1146 нафар шаҳрвандони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба касбомўзӣ аз рӯи  ихтисосҳои  назоратчии мошини электронии ҳисоббарор (МЭҲ), муҳосиб, қаннод, барқчӣ, кафшергари барқ   фаро гирифта шуданд.  Дар ин бора  ба мухбири АМИТ «Ховар» аз  шўъбаи робитаҳои  байналмилалӣ ва ҷамъиятии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ  иттилоъ доданд.  Инчунин 225 нафар шаҳрвандон, ки хоҳиши бозомўзӣ ва такмили ихтисосро доштанд, ба гурўҳҳои худмаблағгузор доир ба ихтисосҳои оператори МЭҲ,  муҳосиб, кафшергари барқ  қабул   шуданд. Дар айни замон  қабули шаҳрвандон барои   ихтисосҳои  устои таъмиргар, кафшергари газӣ, дўзандаи либосҳои миллӣ,   ки талабот дар бозори меҳнат ба онҳо зиёд аст,   тавассути роҳхатҳои  раёсатҳои Агентӣ  ва ҳам дар асоси худмаблағгузорӣ идома дорад. Фаъолияти филиалҳои Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар шаҳрҳои Кўлоб, Қурғонтеппа, Конибодом, ноҳияи Тоҷикобод ва дигар марказҳои таълимии зертобеи МД МТКТ  оид ба фарогирии аҳолии бешуғл, азхудкунии ихтисосҳо ва расонидани кўмаки ҳамаҷониба пайваста  зери назорати роҳбарияти  марказ қарор дорад.   Дар ин муддат аз тарафи коркунони масъули МД МТКТ  нақша ва барномаи ихтисосҳои «Коркарди сангҳои қиммат ва нимқиммат», «Рўзгордорӣ»,  «Коркунони соҳаи иҷтимоӣ» таҳия гардида, дар  Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ  шудаанд. Бахшида ба «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» дар моҳи июли соли 2010-ум ярмаркаи омўзиши касбӣ  гузаронида шуд, ки дар он ҳамаи марказҳои таълимии шаҳри Душанбе, мақомоти  Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати шаҳри  Душанбе, литсей- интернати касбии махсуси маъюбон, ташкилоту корхонаҳои шаҳри Душанбе ширкат варзиданд.                   

Декабрь 15, 2010 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид