БОЛТУЕВ БА НАМОЯНДАГОНИ САҲА ЧӢ ГУФТ?

Декабрь 6, 2010 16:47

       Душанбе, 6 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Масъалаҳои тавсеаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Институти демократия ва ҳуқуқи инсони Созмони амнияту ҳамкории Аврупо зимни мулоқоти Раиси Комиссияи  марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ Мирзоалӣ Болтуев бо роҳбари ҳайати Институти мазкур Дауглас Вейк дар Душанбе баррасӣ гардид.        Мусоҳибон доир ба афзалиятнокии гузаронидани интихоботи шаффофу демократӣ ибрози назар карданд. Зикр шуд, ки Институти демократия ва ҳуқуқи инсони САҲА дар мавриди гузаронидани интихобти шаффоф дар кишварҳои дунё кӯмак расонида,  аз натиҷаҳои он пешниҳоду тавсияҳои самарабахш ироа месозад.       Мирзоалӣ Болтуев доир ба натиҷаҳо ва афзалиятнокии интихоботи парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи феврали сол 2010 баргузор шуд, ибрози назар карда афзуд, ки интихобот дар доираи меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои  байналмилалие, ки Тоҷикистон онро эътироф кардааст,  доир гардид. Мавсуф афзуд, ки имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон новобаста ба бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гашта истодааст. Рушди бемайлони иқтисодию иҷтимоӣ, баланд гардидани афкори сиёсии ҷомеа, озодии сухан худ шаҳодати густариши равандҳои демократӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон аст. Дар назар аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон то интихоботи оянда қисман ба системаи электронӣ  гузарад.       Дар ҷараёни мулоқот намояндагони Институти демократия ва ҳуқуқи инсони САҲА доир ба такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди баргузории интихоботи шаффоф  пешниҳоди худро баён карданд. Зикр шуд, ки Институти демократия ва ҳуқуқи инсони САҲА дар мавриди гузаронидани интихоботи минбаъда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмаки худро мерасонад.    Ҷонибҳо ҳамзамон масъалаҳои дигари тавсеаи ҳамкории судмандро дар мавриди гузаронидани интихоботи шаффоф баён карданд.          Мавриди зикр аст, ки  ҳайати намояндагони Институти демократия ва ҳуқуқи инсони САҲА бо мақсади муаррифии  натиҷаҳои интихоботи парлумонии Тоҷикистон, ки 10 моҳ қабл баргузор гардида буд, ба Душанбе ташриф овардаанд.

Декабрь 6, 2010 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад